Наврӯз бе назм ва назм бе Наврӯз тасаввурнопазиранд!

Март 21, 2017 08:46

ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори ЮНЕСКО шурӯъ аз соли 1999 ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии назм (World Poetry Day) ҷашн гирифта мешавад. Бори аввал ин ҷашн дар Париж, ки штаб — квартираи ЮНЕСКО он ҷо воқеъ гардидааст, ҷашн гирифта шуд.
«Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии назм барои қадрдонии шоирон, эҳё намудани анъанаҳои шифоҳии қироат, таваҷҷуҳ ба хонишу таълими назм, омезиши он бо дигар навъҳои санъат, аз қабили театр, рақс, мусиқӣ ва рассомӣ ва инъикоси васеи он дар ВАО мусоидат менамояд. Назм қудрати ба ҳам овардани инсонҳоро дар ҳамаи қитъаҳои олам дорад. Ба ин ҷашн ҳамроҳ шавед!»- гуфтааст Ирина Бокова, директори генералии ЮНЕСКО дар паёмаш ба муносибати ҷашнгирии ин рӯз дар соли 2017.
«Дар Тоҷикистон ин рӯз бо тантанаву шукӯҳи зиёд ҷашн гирифта мешавад. Басо рамзист, ки Рӯзи умумиҷаҳонии назм бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба як рӯз рост омадааст. Барои мардуми тоҷик Наврӯз бе назм ва назм бе Наврӯз тасаввурнопазир аст. Дар ин рӯз шоирон бо шеъри нобашон гули сари сабади ҳама гуна базму тараби наврӯзиянд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии назмро бо ҷашни Наврӯз якҷо ҷашн мегирад»,- гуфт Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Ато Мирхоҷа ҳамчунин зикр кард, ки мардуми тоҷик табиатан табъи шоирӣ дошта, ашъори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Саъдӣ, Ҳофизу Бедил ва дигарон назми ӯро оламгир кардаанд.

Март 21, 2017 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад