Наврӯз-падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ

Март 15, 2017 17:06

ДУШАНБЕ, 15.03.2017/АМИТ «Ховар»/. «Наврӯз -падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ»- таҳти чунин унвон дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Душанбе бо ҳузури донишмандони шинохтаи бахши таъриху адабиётшиносӣ, мардумшиносию фарҳангшиносӣ ҳамоиши наврӯзӣ баргузор гардид. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илми кишвар аз созмондиҳандагони ҳамоиши наврӯзӣ буданд.
Дар ҳамоиш донишмандону муаррихон ва наврӯзшиносон доир ба арзишҳо, паҳлӯҳои гуногун ва аҳамияти ин ҷашни бостонии мардумони сайёра сухан карданд.
Таъкид шуд, ки ҷашни Наврӯз таърихи 6 ҳазорсола дошта, зуҳури онро ба аҳди шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Ҷашни Наврӯз эҳёи табиат баъд аз сардиҳои фасли дай ва қадам ранҷа намудани баҳори сабзпӯш аст, ки онро арӯси сол ҳам меноманд. Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба ҷойгоҳи Наврӯз дар Тоҷикистон, ки ватани Наврӯз номаш мебаранд, ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон, ки сарзамини фарҳангист ва Наврӯз ҷойгоҳи хоса дорад. Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар ҷаҳонӣ гардидани Наврӯзи бостон аз нақши муассир бархӯрдор аст. Хусусан бо иқдомоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамасола дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ бо баргузории тантанаҳои бузурги фарҳангӣ, ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ ва чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ботантана ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифта мешавад. Дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бунёди Наврӯзгоҳ бозгӯи ҷойгоҳи баланд доштани Наврӯз аст.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба анъанаҳои Наврӯз, рамзи ваҳдатофарии он, инчунин таҷлили ҷашни Наврӯз дар таҳкими дӯстиву рафоқат, ҳамдилию ҳамгироии мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва тарғиби фазилатҳои неку шоистаи инсонӣ сухан карданд. Зикр шуд, ки Наврӯз воқеан ҷашни покию созандагӣ, паҳлавонию ҷавонмардӣ ва аз ҳама беш- пирӯзии некӣ ба бадӣ ва нур бар зулмот аст.

Март 15, 2017 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад