Наврӯзии вилояти Суғд дар боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Б. Ғафуров доир мегардад
ХУҶАНД, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои кишварамон, аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои шимоли мамлакат баҳри дар сатҳи хуби ташкили ва ифтихор аз мероси ниёгон таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалии хуҷастапай омодагиҳо ҷараён доранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 21 ва 22 март дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят барномаҳои идонаи наврӯзӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамчунин соли равон барномаи калони фарҳангии Наврӯзи вилоятӣ бо иштироки меҳмонони олимақом аз тамоми минтақаҳои кишвар ва бевосита Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар охири даҳаи сеюми моҳи март дар боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мегардад.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод, мутобиқ ба иттилои Раёсати фарҳанги вилояти Суғд имрӯзҳо омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, баҳри баргузории ин чорабинии бошукӯҳ беш аз 10 ҳазор нафар иштирокчиён, намояндагони ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ҳамчунин донишҷӯёни макотиби олӣ ҷалб гардидаанд. Дар ин рӯз ҳар як шаҳру ноҳия дастовардҳои худро ба намоиш гузошта, бо намоиши хаймаҳои милливу растаҳои ҳунармандон ва бахши театрикунонидашуда барномаҳои фарҳангии худро манзури иштирокдорон мегардонанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






