Оламафрӯзии Наврӯз дар Мисри бостонӣ

Март 21, 2017 12:24

ДУШАНБЕ, 21.03.2017. /АМИТ«Ховар»/. 19 март дар яке аз меҳмонхонаҳои пойтахти Миср, ки дар соҳили рӯди Нил ҷойгир аст, ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай маҳфили идона барпо гардид, ки мизбонии онро Сафорати Тоҷикистон ба дӯш дошт. Дар маҳфили наврӯзӣ роҳбарони Вазорати корҳои хориҷӣ, аъзои парламент ва намояндагони вазорату идораҳои гуногун, аҳли адаб ва фарҳангу ҳунар, рӯзноманигорону соҳибкорони кишвари маҳалли иқомат, инчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ҳузур доштанд.
Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ аҳли толорро ба муносибати фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, аз таърихи пайдоиш, моҳият ва арзишҳои волои ҷашни мазкур ёд кард. Дар тӯли баргузории маҳфил барои меҳмонон аз тариқи видео барномаи ҳунарии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда, бисоти сабзаву суфраи «Ҳафт син», ки толори зиёфатро оро медод, дар маркази таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт. Ба меҳмонони ҷашн китобчаи наврӯзӣ, ки аз аксҳову шарҳи рамзҳои наврӯзӣ ва фишурдаи мақолаи донишманди тоҷик Акбар Турсон «Фарҳанги Наврӯз ва идеалҳои СММ » ба забони англисӣ иборат буд, тақдим гардид.
Расонаҳои мисрӣ, аз ҷумла канали моҳворавии «Найл ТВ» роҷеъ ба ҷашни Наврӯз дар Қоҳира, ки мизбони он Сафорати Тоҷикистон буд, мақолаву барномаҳои телевизионӣ таҳия ва мунташир намуданд.
Бузургдошти Наврӯз дар Қоҳира бори дигар пайванди ҳамешагӣ ва ногусастании фарҳанги тоҷикон бо Наврӯзро ба ҷомеаи мисрӣ ва меҳмонони базм таъкид намуд.

Март 21, 2017 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд