Ғолибони пойгаи аспдавонӣ соҳиби мошин, шутур ва асп гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 24 марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2017» баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16- сола боло бо аспҳои 2, 3 ва 4- сола иштирок намуда, дар даҳ марҳила байни ҳам рақобат карданд.
Баъд аз баргузории мусобиқа Шоҳҷоиза дар байни аспҳои зоти тоҷикии аз 4-сола боло насиби аспи тоҷикӣ бо лақаби «Гандикап» аз хоҷагии деҳқонии «Мир»-и ноҳияи Ховалинг ва ҷои якум насиби Анушервони Рустам аз шаҳри Душанбе бо аспи саворӣ бо номи «Рахш» гардид.
Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2017» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилллӣ ва Соли ҷавонон роҳандозӣ шуда, ғолибони он бо мошин, шутур ва асп қадрдонӣ шуданд.


















Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






