Омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз дар Конибодом
ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланди маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки аз ҷашнҳои қадимӣ ва маҳбуби халқи тоҷик мебошад, дар саросари шаҳри Конибодом корҳои омодагӣ бомаром ҷараён доранд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, кулли сокинони шаҳр ин ҷашни фархундаи баҳору оғози эҳёи табиатро бо корҳои ободониву сарсабзгардонӣ пешвоз мегиранд. Дар ноҳия тадбири оммавии «Дилу ниятамонро пок месозем»-ро, ки тайи як моҳ идома дошта, 18 март ҷамъбаст мегардад, ҳамагон дастгирӣ намуда, дар ҳудуди маҳалли зист ва коргоҳи худ ба тозакориҳо вусъат бахшидаанд. Ободонию шинонидани ниҳолу буттаҳои ороишӣ ва сафедкунии дарахтон ба иҷро расонида шуда, шаҳр симои дигаргун гирифтааст.
Бахшида ба таҷлили Наврӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр як силсила чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ дар назар дошта шудааст. Ташкили намоиши гулу парандаҳои хушхон, анъанаҳои ниёгон, озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Арӯси замонавӣ», «Беҳтарин хони наврӯзӣ», баргузории тӯйҳои хайриявӣ, мусобиқаву озмунҳои мухталиф, аз қабили «Дави миллӣ», шоҳмотбозӣ, сангбардорӣ, гӯштини миллӣ, бандкашӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Инчунин консертҳои идона ва сайругашти оммавӣ, намоишнома, филм, инчунин консерти аҳли ҳунари Театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр ва тантанаҳои наврӯзӣ пешниҳоди сокинон хоҳанд гашт.










Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






