Пешвои миллат татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро, ки нахустин пули барқӣ миёни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шинохта шудааст, амри саривақтӣ номид
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи созмон мо метавонем, ки бо истифода аз имкониятҳои худ роҳҳои заминиро бо роҳҳои баҳрӣ тавассути ташаккули долонҳои нақлиётӣ пайваст намуда, раванди рушди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиро тақвият бахшем. Ин суханҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 1 март дар шаҳри Исломобод ҷараён гирифт, баён доштанд.
Президенти кишвар дар идомаи суханронӣ изҳори умедворӣ намуданд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои барои пайванд ва ташаккули шабакаҳои энергетикии минтақавӣ ва эҷоди бозори энергетикии кишварҳои аъзои созмон таҳияшаванда саҳми бештар гузошта хоҳад шуд. Пешвои миллат татбиқи лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000-ро, ки ҳамчун нахустин пули барқӣ миёни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шинохта шудааст, амри саривақтӣ номиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии ин лоиҳа — Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба марҳалаи аввали корҳои сохтмон оғоз гардид. «Мо умедворем, ки ин тарҳи дорои аҳамияти стратегӣ шабакаҳои энергетикии кишварҳои минтақаро бо ҳам пайваста, тибқи Ҳадафи 7-уми Рушди устувор, ба дастрасии васеи ҳамагон ба неруи барқи камхарҷу боэътимод мусоидат хоҳад кард»,-илова намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






