Россия дар Тоҷикистон 20 мактаб месозад
ДУШАНБЕ, 01.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Россия дар Тоҷикистон 20 мактаб бунёд мекунад, ки таълимашон бо забони русӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар ин бора пас аз анҷоми музокироти сарони ҳарду давлат муовини аввали Сарвазири Русия Игор Шувалов ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Мо лоиҳаҳои марбут ба бунёди мактабҳоро муҳокима намудем, ки таълимашон ба забони русӣ роҳандозӣ мешавад. Президент ба ҳукумат супориш дод, ки масъаларо омӯхта, аз ҷумла хароҷоти тахминии онро ба буҷети соли оянда дохил намояд, то сохтмони чунин мактабҳоро дар Тоҷикистон оғоз намояд», — гуфт Шувалов.
«Дар ҳоли ҳозир чунин аст: ин бояд сармояи давлати Россия бошад, соҳибияташ ба Тоҷикистон вогузор шавад. Вале, инфрасохтор аз ҳисоби сармояҳои буҷетии Федератсияи Россия сохта мешавад», — зикр намуд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми сармоя ҳоло муайян нашудааст ва дар нақша аст, ки 20 мактаб сохта шавад.
Қаблан Президенти Россия Владимир Путин омодагӣ барои баррасии пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маорифро таъкид намуд. Ӯ иброз дошт, ки дар макотиби олии Россия 21 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки таҳсили 10 ҳазори онҳо буҷавӣ аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






