Россия ва Тоҷикистон дар соҳаи энергияи атомӣ ҳамкорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 01.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, 27-28 феврал президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарӣ расмӣ анҷом дод, ки аз ҷониби расонаҳои хабарии Россия ба таври васеъ инъикос гардид.
Аз ҷумла АИР «Новости» бо такя ба Корпоратсияи давлатӣ оид ба энергияи атомӣ «Росатом» таҳти унвони «Россия ва Тоҷикистон дар соҳаи энергияи атомӣ ҳамкорӣ мекунанд» маводеро интишор намуд, ки дар он чунин омадааст:
«Санади дахлдор 27 феврал зимни сафари президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба имзо расид. Онро роҳбари Корпоратсияи давлатӣ Алексей Лихачев ва президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба имзо расониданд.
Москва ва Душанбе тасмим доранд дар тарҳрезӣ, бунёд, истифода ва қатъи истифодаи реакторҳои ҳаставии тадқиқотӣ ҳамкорӣ намуда, нақша доранд, ки ба сарфи сӯзишвории ҳастаӣ ва партовҳои радиоактивӣ, истифодаи партовҳои истеҳсолоти анҷомёфта оид ба истихроҷ ва коркарди уран, истеҳсоли радиоизотопҳо ва ба ҷорӣ намудани технологияҳои атомӣ дар саноат, тиб ва кишоварзӣ машғул шаванд.
Ҳамгироӣ хислати сулҳҷӯёна хоҳад дошт. Ба корхонаҳои энергияи атомӣ, ки дар Тоҷикитон хоҳиши кор кардан доранд, маркази «Росатом» дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард».








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






