Шариф Комилзода: «Матбуот қодир аст бо сухани созандаву саривақтӣ рисолати худро дар назди халқу ватан сарбаландона иҷро намояд»
ДУШАНБЕ, 9.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Матбуоти даврӣ ва проблемаҳои замони муосир» ҷаласаи илмӣ доир гардид.
Дар ҷаласа Шариф Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот иброз намуд, ки матбуот ба ҳайси оинаи миллат дар баррасиву муаррифии тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва он қодир аст бо сухани созандаву саривақтӣ ва саҳеҳу нишонрас рисолати худро дар назди халқу ватан сарбаландона иҷро намояд.
«Дар даврони истиқлолият мабуоти тоҷик тавонист, ки мувозинати фазои иттилоотии кишварро бо пешниҳоди маводи ҷавобгӯ ба замона таъмин намуда, дар рақобат бо матбуоти хориҷӣ барои ҳифзу гиромидошти дастовардҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон ва муаррифии арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузорад. Зимни таҷлили 100- солагии матбуоти тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан чунин таъкид намуданд: «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки ВАО- и ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлат ба ҷомеа хизмат кунанд. Тавре аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба воситаҳои ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти итилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад»,- гуфт Шариф Комилзода.
Ҳамчунин директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот баён намуд, ки тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикисон имрӯз дар кишвар 359 рӯзнома (104 адад давлатӣ ва 254 адад ғайридавлатӣ), 322 маҷалла (105 давлатӣ ва 127 ғайридавлатӣ), 300 матбаа (35 давлатӣ ва 265 ғайридавлатӣ) ва 11 агентиҳои иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) фаъолият мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






