Шариф Шарифзода: «Қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» аз сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад»

Март 9, 2017 12:02

ХУҶАНД, 09.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. — «Об барои рушди устувор»- таҳти ин унвон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар он раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, сарварони мактабҳои олии вилоят, олимону муҳаққиқон, устодону коршиносони соҳа ва донишҷӯён ширкат намуданд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Шариф Шарифзода роҷеъ ба моҳият ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, аз ҷумла иброз дошт, ки қабули муваффақонаи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, боиси ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон буда, он чун  сиёсати муваффақи Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи раиси шаҳри Хуҷанд,  захираҳои обӣ,  идоракунии захираҳои обӣ, тақсимоти захираҳои обӣ ва таъмини сокинони сайёра бо оби ошомиданӣ мушкилоти ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ташаббуси навбатии Пешвои миллат аз дурбиниву ҷаҳоншиносии Сарвари давлати тоҷикон дарак дода, дар таъмини зиндагии ободу пешрафтаи на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тамоми дунё таъсири нек хоҳад гузошт.

Дар конфронс оид  ба истифодаи сарфакоронаи об, дастрасӣ ба оби тоза ва таъмини пурраи аҳолии шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи ошомиданӣ ибрози назар карда шуд.
 

Март 9, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд