Сироҷидин Аслов Дабири Кулли СММ-ро ба Тоҷикистон даъват кард

Март 22, 2017 11:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк 21 март мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, ки фаъолияташро аввали соли ҷорӣ оғоз кард, доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ оид ба сайъю кушишҳои Тоҷикистон дар коҳиши офатҳои табиӣ дар кишвар, масъалаҳои ҳамкорӣ ва кумаки ниҳодҳои дахлдори СММ дар ин самт, мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, масъалаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар партави татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, аз ҷумла муаррифии Стратегияи милли рушд то соли 2030 маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Инчунин ҷонибҳо рӯи масъалаҳои барқарорсозии амну субот дар Афғонистон ва ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар робита ба татбиқи Даҳсолаи “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо ибтикори кишвар моҳи декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардида буд, мубодилаи созанда сурат гирифт ва СММ барои таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт низ омодагии худро иброз кард.

Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷӣ аз Дабири кулли СММ барои анҷоми сафар ба Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Март 22, 2017 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна