Варзишгари навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаммадиқбол Тошов, варзишгари навраси тоҷик аз ноҳияи Мастчоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо, ки дар Қазоқистон баргузор гардид, соҳиби медали тилло гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, мусобиқаи мазкур 9-11 март баргузор гардида, Муҳаммадиқбол Тошов дар вазни 50 кг бо мағлуб намудани ҳарифонаш аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Литва ва Эстония ба даври финалӣ роҳ ёфт.
Дар даври финалӣ варзишгари ҷавони тоҷик ба рақибаш аз Федератсияи Россия дастболо шуд ва медали тиллои мусобиқаро соҳиб гашт.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






