29 апрел-Рӯзи байналмилалии рақс: рақс одамонро муттаҳид месозад

Апрель 29, 2017 13:10

ДУШАНБЕ, 29.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии рақс таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба ҳамаи намудҳои рақс бахшида шуда, аз соли 1982 бо қарори ЮНЕСКО таҷлил карда мешавад. Ин рӯз барои ҳунармандони соҳаи балет ва дӯсторони рақс иди дӯстдошта ба шумор меравад.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Имрӯз балети тоҷик бо унсурҳои миллӣ ба дили бинандагон роҳ ёфтааст. Дар ин кор хизмати сарбалетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Мария Левитская ва ҳунармандони театр калон аст.
Мария Левитская зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки ӯ ҳанӯз ҳангоми донишҷӯ будан ба сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб навишта, хоҳиш кардааст, ки ӯро барои кор ба Душанбе даъват кунанд. Пас аз ду ҳафта ба мактуби ӯ ҷавоби мусбат меояд.
Мария Левитская мегӯяд, ки яке аз намоишҳои асосии ин мавсим балети Шӯҳрат Ашуров «Зол ва Рудоба» аз рӯи достони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад. «Бо Шӯҳрат Ашуров мо як кори бузургеро анҷом додем, яъне тавонистем эҷоди балети миллиро дар мамлакат аз нав эҳё намоем. Ин барои мо корнамоии бузург аст. Ин намоиш аз ду соат рақси муттасил иборат мебошад»,-иброз дошт сарбалейтместер.

балет
Имрӯз тамошобини тоҷик имкон пайдо кардааст, ки аз рӯи хоҳиши худ намоишро интихоб ва тамошо намояд.
«Дар асари «Зол ва Рудоба» мо тавонистем ду сабки рақси миллӣ ва классикиро омезиш диҳем. Табъи тамошобинон пас аз тамошои он болида мегардад. Сабаби асосии ин ҳол дар он аст, ки ин намоиш чун бештари намоишҳо ба таври фоҷиавӣ анҷом наёфта, баръакс бо тӯю сур ва ишқу умед ба итмом мерасад.
Имрӯз Мария Левитская ва дигар ҳунармандон тавонистанд, ки намоишҳои миллиро аз нав эҳё намоянд. Ба андешаи мусоҳиб, тавассути ба саҳна гузоштани асарҳои миллӣ ҳунармандон бояд ба тамошобинон таърихи бузурги тоҷиконро омӯзонанд.

Апрель 29, 2017 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид