Ғалабаи «Истиқлол» бар «Панҷшер» пеш аз бозии Ҷоми КФО бо «Олой»
ДУШАНБЕ, 15.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар бозии даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи «Истиқлол» бар «Панҷшер» -и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шоми дирӯз бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин бозӣ як навъ санҷише буд пеш аз вохӯрии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо дастаи «Олой»-и Қирғизистон, ки 18 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар ин дидор Манучеҳр Ҷалилов ва Дмитрий Барков аз дастаи «Истиқлол» ва Беҳрӯз Ниёзов аз «Панҷшер» голҳоро ба нишон расониданд.
Сармураббии дастаи «Истиқлол» Мӯҳсин Муҳаммадиев дар вохӯрӣ бо дебютанти Чемпионати имсола-«Панҷшер» ҳайати озмоиширо ба бозӣ гузошта, пеш аз рақобати даври сеюми Ҷоми КФО бо чемпиони Қирғизистон -«Олой» ба баъзе бозингарон истироҳат дод. Аз ин рӯ дар муқобили «Панҷшер» бозии истиқлолиҳо он қадар тезутунд набуд ва танҳо голҳои Манучеҳр Ҷалилов, аз пеналтӣ дар дақиқаи 20-ум ва Дмитрий Барков дар дақиқаи 66-ум ғалабаро ба дастаи «Истиқлол» насиб гардониданд.
Дар ин давр имрӯз «Регар — ТадАЗ» бо КМВА «Помир» ва 16 апрел «Барқчӣ» бо «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» бо «Вахш» қувва меозмоянд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6
«Истиқлол» «Панҷшер» 2:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 20 аз пеналтӣ (1:0). Беҳрӯз Ниёзов, 58 (1:1). Дмитрий Барков, 66 (2:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Дэвид Мавутор, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарифов (Нуриддин Давронов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Ромиш Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов (Дмитрий Барков, 46).
«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Сафар Наботов, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Руслан Тиллоев, Беҳрӯз Ниёзов, Шавкат Худойназаров, Абдухалил Боронов, Ҳасан Холов, Фаррух Фузайлов, Алишер Салимов (Сорбон Авғонов, 90+2), Фирдавс Зайнуллозода (Ҳусейн Умаров, 55).
Огоҳӣ: Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Ниёзов, Равшан Азизов («Панҷшер»).
Бозингари беҳтарин: Ҷаҳонгир Алиев («Истиқлол»).
Довари майдон: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).
14 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе. 500 тамошобин.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






