Ҷаласаи 12-уми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи 12-уми гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба амалигардонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва Андрей Краюшкин, муовини аввали сардори Раёсати кулл оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Федератсияи Россия роҳбарӣ намуданд.
Дар ҷаласа роҳбарони ҳарду ҷониби Гурўҳи кории муштарак зарурати корҳои идомадор дар самти таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии қаламрави ин давлатҳоро таъкид намуданд.
Тарафҳо масъалаҳои марбут ба ҷараёни иҷрои қарорҳои ҷаласаи 11-уми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия, вазъият дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин раванди корҳо оид ба омодакунии 5 лоиҳаи созишномаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, аз ҷумла, дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби татбиқшавии он, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини иҷтимоӣ (суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи шаҳрвандони тарафҳо), оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират (мубодилаи иттилоот) ва оид ба вазъи ҳуқуқии намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро муҳокима намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ҷараёни корҳоро доир ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи аз байн бурдани маҳдудиятҳо барои вуруд ба Федератсияи Россия, аз ҷумла нисбат ба онҳое, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ҳуқуқвайронкуниҳои ҷузъии маъмурӣ содир кардаанд, муҳокима карданд.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






