Ҳамоиши шашуми иқтисодӣ-фарҳангии «Наврӯз» дар шаҳри Ҳамбурги Олмон доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳамбург ҳамоиши шашуми иқтисодӣ-фарҳангии «Наврӯз» бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Ҳамбург баргузор гардид.
Тавре ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиши имсола ба 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон бахшида шуд. Дар ҳамоиш, ки анъанавӣ гардидааст, доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, роҳбарони ширкатҳо ва корхонаҳо, инчунин доираҳои фарҳангӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд. Ҳамоишро Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ҳусни оғоз бахшид.
Дар рафти кори ҳамоиш Консули фахрии Тоҷикистон дар Ҳамбург Куруши Пуркиён, роҳбари Раёсати Осиёи Марказии Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Эдуард Кинсбрунер, роҳбари намояндагии Бонки рушди Олмон дар Тоҷикистон Кристин Лаабс, намояндаи КВД «Тоҷинвест» Ҳанс Зиегерт ва роҳбари ширкати боркашонӣ Азгарил Мангал оид ба ҳамкорӣ ва имконоту захираҳои иқтисодии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ сухан ронданд.
Дар доираи кори ҳамоиш Сафорати Тоҷикистон гӯшаи фарҳангӣ созмон дода, маводи зиёди ташвиқотӣ ва тарғиботӣ, инчунин сармоягузориро пешниҳоди иштирокчиён намуд.
Дар бахши фарҳангии Ҳамоиши иқтисодӣ-фарҳангии «Наврӯз» оҳангсоз ва сарояндаи шинохта Фахриддини Малик бо сурудҳояш хотири ҳозиринро шод намуд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






