Ҷавонон-посдори сулҳу ваҳдат!

Апрель 19, 2017 16:07

ДУШАНБЕ, 19.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳристон бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Сулҳу ваҳдат ҷовидон бод!» ҷамъомад баргузор гардид. Дар он ҷавонон оид ба Ваҳдати миллӣ, ки дастоварди ниҳоят пурарзиши тоҷикон мебошад, сухан гуфтанд.
Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.
«Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ягонагии тамоми ниҳодҳоро таҷассум менамояд. Он арзиши воло маҳсуб ёфта, эҳтиром ва пос доштанаш аз ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшинос масъулияти баландро тақозо менамояд. Пешрафту муваффақиятҳои ҳар оила, халқ ва ҳар миллату давлат ба муттаҳидӣ ва ягонагии он марбут аст. Маҳз кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат буд, ки халқи мо ба ин неъмати бебаҳо расид»,-зикр гардид дар ҷамъомади мазкур.
Ҷамъомади мазкур бо мақсади бедор намудани ҳаисси ватандӯстӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ баргузор гардид.

Апрель 19, 2017 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд