Ҷавонон сиёсати Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд

Апрель 20, 2017 08:29

ДУШАНБЕ, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони «Авангард» бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи «Ҷавонон сиёсати Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд» доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода зикр намуд, ки ҷавонони зодаи истиқлол ҳамаҷониба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд.
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ Мансур Бухоризода оид ба фаъолияти гурӯҳи ҷавонони «Авангард» иброз дошт, ки «мақсади ин гурӯҳ боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон мебошад. Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо ҷавонони фаъол пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ суҳбату вохӯриҳо ташкил намуда, дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд».

Апрель 20, 2017 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ