Ҷавонони шаҳри Ҳисор ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маросими гусели даъватшудагоне, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд, дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор бо иштироки афсарон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд, Шарифҷон Ҷумазода, Раиси шаҳри Ҳисор гуфт: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҷавононро дар роҳи рушду шукуфоии Ватан ниҳоят баланд ва назаррас арзёбӣ карда, соли 2017- ро Соли ҷавонон эълон намуданд, ки ин барои дастгирии ҷавонон ва рушди фаъолияти минбаъдаи онҳо имконият фароҳам меорад».
Маврид ба зикр аст, ки дар даъвати баҳорӣ аз шаҳри Ҳисор сафарбаркунии ҷавонон оғоз гардида, имрӯз беш аз 60 нафар ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ раҳсипор гардиданд. Ин нишони ватандӯстию ҳомии воқеии Ватан будани ҷавонмардони бонангу номуси шаҳри Ҳисор мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






