Барои ҳифзи Ватан, таҳкими истиқлолият ва амнияти миллӣ тайёрем!
ДУШАНБЕ, 04.04.2017. /АМИТ«Ховар»/. Даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва баргузории вохӯрию суҳбатҳо бо волидону наздикони ҷавонони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баҳри таблиғи ақидаҳои созанда доир ба ҳифзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳофизати Модар-Ватан ба таври мунтазам амалӣ мегардад.
Бо иштироки Низом Ҳакимзода, Раиси ноҳияи Шоҳмансур, Фарҳод Сатторзода, Комиссари ҳарбии ноҳияи мазкур Ҷовид Қурбонбеков, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Насим Ҳасанов, мудири бахши ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, Раҷабалӣ Бобохонов, роҳбари Намоядагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ин ноҳия ва дигарон ҷавонони диловари ноҳияи Шоҳмансур, ки ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ омада буданд, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.
Ҷавонон садоқат бар Ватани азизро ифтихору виқори ҷавонмардӣ ном бурда, омодагии ҳамешагии худро дар дифои марзу буми аҷдодӣ иброз доштанд.
Маросим дар вазъияти тантанавӣ бо ҳаракатҳои часпони аскарони Полки комендантӣ, парафшонии парчамҳо, суруду мусиқиҳои тараннумгари зебоиҳои Ватан гузашта, суханони раҳнамои афсарони диловар ба ҷавонон қувваю неруи тоза бахшида, боиси сарфарозии ҳозирин гардид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






