«Базморо», «Гулшан», «Зебо» ва «Шакарханд» ҳамроҳ бо адибон меҳмони бинокорони Роғун гаштанд

Апрель 19, 2017 16:06

ДУШАНБЕ, 19.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи навбатии таблиғотиву ташвиқотӣ ҷиҳати анҷом додани суҳбату мулоқот бо ҳайати кормандони НБО Роғун ба шаҳри Роғун сафар кард.
Гурӯҳи мазкурро Олуфта Бодурӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа роҳбарӣ намуда, ба ҳайати он Дилноза Аҳмадзода, муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зоҳир Ҳабибзода, мудири шуъбаи дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Бахтовар Каримов, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Муҳиба Маҳмадҷонова, мудири шуъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Алоуддин Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайрандеш, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Юнус Юсуфӣ, нависанда, узви Иттифоқи нависандагон ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни вохӯрӣ бо кормандони НБО Роғун Олуфта Бодурӣ гуфт: «НБО Роғун орзуву ормони миллату давлати Тоҷикистон аст. Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи Роғун ба кулли соҳаҳои ҳаётан муҳими халқи тоҷик-иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоӣ тағйироти куллӣ ворид хоҳад сохт. Неругоҳи Роғун асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва минтақа хизмат хоҳад кард. Ҳамин аст, ки имрӯз давлату миллати тоҷик аз НБО Роғун умеди беандоза дошта, аз шумо, бинокорон танҳо бо сифати баланд ба истифода додани ин иншооти азими асрро хоҳонанд. Мо ба Шумо боварӣ дорем».
Баъд аз суҳбату вохӯрии гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотӣ бо ҳайати кормандони НБО Роғун маҳфили адабиву фарҳангӣ доир гардид. Ҳунармандон ва овозхонҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии ансамбли сафарию ҳунарии «Базморо», гурӯҳи ҳунарии «Гулшан», гурӯҳи рақсии «Зебо» ва гурӯҳи ҳаҷвнигорони «Шакарханд» хотири бинокоронро шод карданд.
Хотиррасон менамоем, ки чунин маҳфилҳо бо ҳайати кормандони НБО Роғун ҳафтае ду маротиба то охири моҳи апрел идома меёбанд.

Мулоқоти навбатии аҳли адабу ҳунари кишвар-дар меҳмонии бинокорони НБО Роғун (1)

Апрель 19, 2017 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд