Бемории сил бемории иҷтимоиву тиббӣ буда, бар зидди он муборизаи якҷоя бояд бурд

Апрель 8, 2017 13:29

ДУШАНБЕ, 08.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии автомобилӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки маблағи даромади он барои кумак ба шахсони гирифтори бемории сил дар Тоҷикистон сарф мешавад. Ин иқдом аз тарафи Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» ва иштироки хайрхоҳонаи ҶДММ «Дасти мадад» пеш гирифта шуда, дар доираи лоиҳаи «Муттаҳидӣ баҳри боздошти сил» ва барномаи «Имкон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ барои бартараф кардани мушкилоти даври 7», ки Ҳамкории боздошти сил/ Stop TB Partnership (Женева) онро дастгирӣ менамояд, амалӣ шудааст.
Саъдулло Саидалиев, намояндаи Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил зикр намуд, ки иқдоми synthroidnews.net имрӯза амали хайр мебошад.
«Бемории сил бемории иҷтимоиву тиббӣ буда, моро лозим меояд, ки дар ҳамбастагӣ бар зидди ин беморӣ мубориза барем. Бо ин мақсад диққати тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ ба ин самт равона шудааст», -иброз дошт Саъдулло Саидалиев.
Ба гуфтаи номбурда, маблағе, ки дар фонди мадади беморон ҷамъ мегардад, барои хариди доруҳои иловагии зидди сил сарф мегардад.

Апрель 8, 2017 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд