Бонувони шаҳритусӣ ба бофтани адрасу атлас шурӯъ карданд
ДУШАНБЕ, 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳе аз бонувони ноҳияи Шаҳритус пас аз хатми давраи омӯзишӣ ба бофтани адрасу атлас оғоз карданд.
Бино ба иттилои корманди шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, занони ҳунарманд азм доранд, ки маҳсули дасташонро ба бозорҳои кишвар ба фурӯш бароранд.
Дар заминаи ҶДММ «Дук», ки яке аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Шаҳритус мебошад, бофтани адрас ба роҳ монда шудааст. Ба гуфти сарвари ин корхона Додарбек Мунавваров, дар корхона беш аз 40 нафар ҷавондухтарони ноҳия кор мекунанд. «Дук» аз соли 2014 ба коркарди ашёи хоми пилла машғул буда, ҳар сол зиёда 23 тонна ашёи хоми пилларо ба хориҷи кишвар содир мекунад.
«Имсол бо мақсади ҳифзи ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ маъмурияти корхона як сехи адрасбофӣ кушод, ки дар он зиёда аз 20 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд», — зикр кард Д. Мунавваров.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






