Бозии байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Алтин Асир»-и Туркманистон пагоҳ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 03.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон -«Истиқлол»-и Душанбе барои гузаронидани бозии даври дуввуми Ҷоми Конфедаратсияи футболи Осиё бо дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон ба шаҳри Балканободи ин кишвар омад ва бозии ин дастаҳо 4-уми апрел дар соати 17:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мегардад.
Муҳсин Муҳаммадиев сармураббии дастаи «Истиқлол» бо худ 18 -нафар бозингарро ба Туркманистон овардааст, ки инҳо Никола Стошич ва Курбоналӣ Бобоев (дарвозабонҳо), Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Дэвид Мавутор, Артем Барановский, Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир (муҳофизатгарон), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев, Фариддун Шарифов, Эҳсони Панҷшанбе, Дилшод Восиев, Ромиш Ҷалилов (нимҳимоятгарон) ва Манучеҳр Ҷалилов бо Дмитрий Барков (ҳамлагарон) мебошанд.
Футболбозони «Истиқлол» баробари ба шаҳри Балканобод расидан худи ҳамон рӯз машқҳои худро дар варзишгоҳи техникуми ин шаҳр созмон доданд, ки он давоми 1 соат идома ёфт ва ҳамаи бозингарон ширкат варзиданд.
Пагоҳ конфронси пешазбозии дастаҳо гузаронида мешавад, ки дар он сармураббиёни дастаҳои ширкаткунанда ва якнафарӣ бозингар аз ҳарду даста ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб мегӯянд.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Спорт топлуми» соати 17:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мегардад ва мухлисони футболи кишварамон онро мустақиман тавассути Телевизиони Варзиш дида метавонанд.
Ёдрас мешавем, ки «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «Д»-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо дастаҳои «Алай», «Дордой» ва «Алтин Асир» барои роҳхат ба бозиҳои навбатӣ мубориза мебарад ва истиқлолиҳо дар даври аввал дастаи «Дордой»-и Қирғизистонро бо натиҷаи 2:0 мағлуб карда буданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






