Чаро нархи картошка дар мамлакат боло рафт?

Апрель 26, 2017 15:08

ДУШАНБЕ, 26.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Моҳҳои охир болоравии нархи картошка вусъат ёфта, ин ҳолат аҳолии кишварро нигарон намудааст. Тавре маълум аст, дар аввали моҳи апрел нархи картошка то ба 5 сомониву 50 дирам ва 6 сомонӣ расид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мақсади пайгирии масъалаи мазкур аз бозорҳои пойтахт дидан намуд.
Пас аз таҳлили бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Деҳқон» аён гардид, ки нархи картошка дар ин бозорҳо назар ба аввали моҳи равон каме поён рафта, имрӯз нархи картошкаи ватанӣ аз 3 сомониву 50 дирам то 4 сомониро ташкил медиҳад. Нархи картошкаи истеҳсоли Ҷумҳурии Покистон 3 сомониву 40 дирам муқаррар карда шудааст.
Убайдулло Мирзоев, муҳосиби шуъбаи захираи Корхонаи воҳиди давлатии бозори «Шоҳмансур» иброз дошт, ки дар ҳақиқат нархи картошка аз 23 феврал то 15 апрели соли равон нисбат ба имрӯз гаронтар буд.
«Ҳарчанд мо бо вилоятҳои ҷумҳурӣ шартнома доштем, вале аз сабаби сардии ҳаво ва баста шудани роҳҳо натавонистем картошкаро аз вилояти Суғд сари вақт ба бозор ворид намоем»,- зикр намуд ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, аз сабаби кам истеҳсол гардидани картошкаи ватанӣ имрӯз аксари картошкаҳои дар бозори «Шоҳмансур» ба фурӯшбаровардашударо маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Покистон ташкил медиҳанд.
Мастон Шарипов, муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии бозори «Деҳқон» болоравии нархи картошкаро ба баландшавии доллар ва номусоидии ҳаво рабт дод. Доир ба захираи картошка номбурда зикр намуд, ки «мувофиқи нақша дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ба ҷои 80 тонна картошка 125 тонна захира карда шуд. Дар рӯзҳое, ки нархи картошка боло рафт, аз ҳисоби маблағҳои захиравии бозор ҳамарӯза аз 8 то 10 тонна картошкаро аз берун ворид намуда, нархи картошкаро муътадил нигоҳ доштем».
Ҷалил ПирзодаДиректори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пирзода итилоъ дод, ки соли гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 898 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда шуд. Бино ба гуфтаи номбурда, ҳамасола ба ҳисоби миёна дар 38 — 43 ҳазор гектар замин картошка кишт мегардад, ки ба он 140 ҳазор тонна тухмӣ лозим меояд.
Ҷалил Пирзода сабаби аслии болоравии нархи картошкаро ба кам истеҳсол шудани картошкаи ватанӣ рабт дода, ҳамчунин илова намуд, ки аз сабаби кам будани сардхона ва анборҳои махсусгардонидашуда барои нигоҳдории маҳсулот ҳар сол қариб 15 фоизи маҳсулот талаф меёбад.
«Бо сабаби талафёбии картошка ва ҷудо намудани тухмӣ аз 898 ҳазор тонна картошкаи истеҳсолшуда танҳо 620 ҳазор тонна барои истеъмоли аҳолӣ боқӣ мемонад, ки ин миқдор картошка талаботи яксолаи аҳолии кишварро қонеъ намесозад»,-илова намуд Ҷалил Пирзода.
Ба андешаи Ҷалил Пирзода, аз рӯи меъёри муқаррарнамудаи Созмони байналмилалии тандурустӣ дар як сол ба як нафар шаҳрванд 97 килограмм картошка рост меояд.
«Агар аз рӯи меъёри муқаррарнамудаи Созмони байналмилалии тандурустӣ ҳисоб намоем, ба ҳисоби миёна ба 8 миллион аҳолӣ 780 ҳазор тонна картошка рост меояд. Норасоии картошка дар ин маврид 160- 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва моро лозим меояд, ки ин миқдор картошкаро аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид намоем»,- зикр намуд Ҷ. Пирзода.
Тибқи иттилои директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 620 ҳазор тонна картошка ба ҳар сари аҳолӣ танҳо барои 9 моҳ мерасад. Ин миқдор дар моҳҳои феврал -март кам ва ин сабаби болоравии нархи картошка мегардад.
«Таҳлилҳо муайян намуданд, ки дар се моҳи охир дар ҷумҳурӣ бо сабаби норасоии картошкаи ватанӣ нарх низ боло рафт. Имрӯзҳо зиёда аз 80 фоизи картошкаи дар бозор ба фурӯшбаровардашуда аз хориҷи кишвар буда, танҳо 20 фоиз картошка аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид карда мешавад»,- афзуд Ҷалил Пирзода.
Ба андешаи Ҷалил Пирзода, ягона роҳи асосии зиёд намудани ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ -ин баланд бардоштани ҳосилнокии он буда, бояд истеҳсоли тухмиҳои репродуксионӣ эҳё карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, кӯшиш дорад бо кумаки олимон навъҳои ба касалиҳо тобовар ва ба иқлими мо мувофиқро барои афзун намудани ҳосили картошкаи ватанӣ истифода намояд.

Апрель 26, 2017 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Ҳисор аксияҳо гузаронида шуданд
Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав 272 ҷойи кор пешниҳод карда шуд
Доир ба мавзуи навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Лукас Эринсон аз Канада: «Дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намудам»
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Академияи таърихи Чин робитаҳои илмӣ ва фарҳангиро густариш медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ҳасани Чупонӣ: «Президенти Тоҷикистон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷамъ оварад»
Мавзеъҳои зебои Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии «Чин-Осиёи Марказӣ» муаррифӣ карда мешаванд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баррасӣ шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 май, шанбе, 151-умин рӯзи соли 2025 аст