Дар Душанбе Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 14.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Соли ҷавонон Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон- муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» ҷараён дорад.
Дар доираи Форум намоиши инноватсионии дастовардҳои соҳибкорони ҷавон ва ҷавонони фаъол ташкил гардидааст, ки чанд лаҳза пеш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ҳамроҳ бо дигар меҳмонону иштирокдорони форум аз он дидан карданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ҳудуди 400 нафар соҳибкорони ҷавон иштирок доранд.
Форуми мазкур дар доираи силсилабарномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мусоидат дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ баргузор мегардад.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






