Дар Душанбе Намоишгоҳи молҳои саноатии Ӯзбекистон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 11.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тавсеаи равобити мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 17 то 21 апрели соли равон дар Маркази тиҷоратии «Пойтахт-90» намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда мешавад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкати «Узэкспорт» аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошанд. Таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти кишвар, дарёфти шарикони ҳамкор ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ байни ҳар ду кишвар аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳ аст.
Дар намоишгоҳ корхонаю ширкатҳои истеҳсолии Ӯзбекистон молу маҳсулоти худро дар бахшҳои мошинсозӣ, металлургия, масолеҳи сохтмонӣ, технология, электротехника, саноати субук, фармасевтика, атриёт, либос, пойафзол ва молҳои гуногуни рӯзгор ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардида, масоили марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор баррасӣ гарданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






