Дар ноҳияи Ш. Шоҳин марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ оғоз гардид
Ш. ШОҲИН, 04.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ оғоз гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» саркори ҶДММ «Консол» Олимхуҷа Маҷидов изҳор дошт, то имрӯз ба маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, бинои мазкур аз 3 ошёна, 59 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 48 ҷои нишаст иборат мебошад. Сифати корҳои сохтмонӣ ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошанд. Дар айни ҳол дар корҳои сохтмонӣ 30 нафар сохтмончиён фаъолият дошта, дар ҳолати бештар шудани корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






