Дар шаҳри Кӯлоб озмуни «Мо ва Шоҳнома» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб ва Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар толори машваратии Китобхонаи вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб озмуни «Мо ва Шоҳнома» баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни баргузории озмун ғояҳои муқаддас, ки дар китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таҷассум ёфтаанд, аз ҷумла тарғиби арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон, муҳаббат ба Ватан, далерию мардонагӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳо тарғиб гардиданд.
Дар анҷоми фестивал ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии бахши раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб ва Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






