Дар шаҳри Кӯлоб ҳунарҳои мардумӣ тавассути технологияҳои компютерӣ омӯзонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи ҳунарҳои колинбофии дастӣ, зардӯзию гулдузӣ, атласу адрасбофӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи ташкилоти байналмилалии ЮНИДО оид ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тавассути технологияҳои компютерӣ дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб барои ҳунармандон ва роҳбарони корхонаҳои саноатии минтақаи Кӯлоб машварат доир намуд. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, машварат се рӯз идома ёфт ва ҳунармандон тавассути технологияҳои компютерӣ интихоб ва ҷобаҷогузории рангҳоро дар ин намуди касбҳо пурра омӯхтанд.
«Ҳадафи машварат осон намудани мушкилоти мутахассисони касбӣ ва ҳунармандон мебошад. Иҷрои ҳунарҳои мардумӣ бо даст бо меҳнату машаққати хеле зиёд ба роҳ монда мешавад ва дар ҳолати нодуруст интихоб намудани рангу бор ва гулҳои он ҳунарманд метавонад маҳсулоти ба рақобат начандон тобовар истеҳсол намояд ва дар ин ҳолат маҳсулоти истеҳсолшуда харидори худро намеёбад. Аз ин лиҳоз омӯзиши ин барнома барои осон намудани мушкилиҳо ва бартараф намудани камбудиҳои соҳа мусоидат менамояд»,- хабар доданд аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






