Дар шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди пӯст таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 11.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат корхонаи ҶДММ «Сомон Чарм» оид ба коркарди пӯсти чорвои шохдори калон ва хурд таъсис дода мешавад. Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таъсиси ҶДММ «Сомон Чарм» 40 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд.
Корхона бо мақсади коркарди пурраи ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот таъсис меёбад.
Ҳоло корҳои сохтмонии корхонаи мазкур идома дошта, бунёди 4 адад ҳавзчаҳо бо ғунҷоиши 700 адад пӯст барои тар кардан бо маводи зарурӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар назар аст, ки корхона рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз намояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






