Имрӯз дар Фестивал-озмуни «Парасту-2017» спектакли «Модар-Ватан» намоиш дода мешавад

Апрель 19, 2017 11:58

ДУШАНБЕ, 19.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» се спектакл манзури аъзои ҳакамон ва мухлисони театр мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соати 10:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аҳли эҷоди Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара спектакли «Шикасти аввал. Қаромита»-ро, ки муаллифи он Ҷумъа Қуддус ва таҳиягар С. Алимов аст, намоиш доданд.
Соати 14:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе спектакли «Кист гунаҳкор» манзури ҳаводорони фестивал-озмун мегардад. Муаллифи асар Л. Кожевников буда, таҳиягар И. Сафаров мебошад.
Ба иттилои манбаъ, кори имрӯзаи Фестивал- озмун бо спектакли Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом бо номи «Модар-Ватан», ки муаллиф ва таҳиягари он Муҳиддин Музаффар аст, ҷамъбаст мегардад.

Апрель 19, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд