Фурӯғи субҳи доноӣ: 23 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф
ДУШАНБЕ, 23.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел «Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф» (World Book and Copyright Day) таҷлил мегардад. ЮНЕСКО соли 1995 қароре қабул намуд, ки дар ин рӯз ба китобҳо ва муаллифони онҳо мебояд эҳтиром гузошт. Ин қарор бахусус ба ҷавонон баҳри хониш ва андӯхтани дониш, баҳри эҳтироми китобу муаллифоне, ки дар рушду нумуъ ва пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми назаррас гузоштаанд ва мегузоранд, равона гардида буд.
Дар санади мазкур баргузор намудани фестивал ва намоиши китобҳо яке аз роҳҳои афзалиятноки рушд ва ҷалби ҷавонон ба китобхониву эҳтироми муаллифони китобҳо зикр мегардад.
Тавассути китоб мо на танҳо ба махзани дониш дастрасӣ пайдо менамоем, балки ба идея, арзишҳои динӣ ва мафкуравӣ, ба дарки зебоипарастиву дастовардҳои инсонӣ метавонем роҳ ёбем. Китоб ба ҳар як фарҳанги ҷаҳон имконият медиҳад, то дар бораи таърих, дирӯзу имрӯзи худ андеша ронад, сухан гӯяд, хонандагонро бо расму оин ва анъанаҳои қадимаи миллат ошно намояд. Китоб-ин оинаи рангоранги ҷаҳони мутамаддин аст, ки фарҳангҳои мухталифи дунёро дар замону макони дирӯз ва имрӯз пайванд медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғиби осори ибратомӯзи муаллифон, тарғиби асарҳои бачагона ва ҷалби наврасону бачагон ба китобхонӣ корҳои назаррас анҷом дода мешавад. Тавре Назирхонум Аҳмадова, корманди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар суҳбат иброз дошт, «нақши адабиёти бачагона дар тарбияву ташаккули насли наврас бағоят бузург аст. Бинобар ин аз ибтидо то имрӯз ба ин шакли адабиёт диққати махсус дода мешавад ва даҳҳову садҳо эҷодкорон дар ин самт қувваозмоӣ кардаанд ва онҳоро мо бо муҳаббати беандоза адиби кӯдакон ном мебарем. Ҳамасола бо мақсади тарғиби осори бузургу пурғановати муаллифон ва асарҳои бачагона Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон»-ро доир менамояд, ки дар он тамоми китобдорон ва адабиётдӯстону адабиётшиносон, омӯзгорон ва хонандагони китобхонаҳо ширкат меварзанд».
Бояд зикр намуд, ки ташаббускори нахустин фестивалҳои китоб дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ нависандаи рус Лев Кассил будааст. Ин чорабинии муҳими фарҳангӣ дар ҷумҳурии мо баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд ва бо пешниҳоди адиби кӯдакон Наримон Бақозода ва мутахассиси соҳаи китобдорӣ, номзади илмҳои педагогӣ Ғуломзода Қурбон аз нав эҳё гардид.
Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ҳоло пайваста суҳбату намоишҳо бо даъвати худи адибон ва намоиши эҷодиёти онҳоро доир мекунад, ки хурдсолон аз ин гуна маҳфилҳо хотираҳои нек бардошт мекунанд. Ингуна суҳбат ва намоиши китобро мо дар мавзӯҳои «Истиқлолият рамзи гӯёи озодии Ватан», «Ваҳдат- оромиши миллат», «Обаки шӯхе чу тифли беқарор», «Ҷавонон ояндасози миллатанд», «Кӯдакон дунёи моянд», «Устоди назми муосир»-суҳбат бахшида 95 — солагии маданиятшиноси маъруфи тоҷик Меҳрубон Назаров, «Устоди назми муосир»- бахшида ба 130 — солагии Абулқосим Лоҳутӣ, «Чароғи фурӯзони илму маърифат»-суҳбат бахшида ба 90 — солагии адиби бачаҳо Абдумалик Баҳорӣ, «Равшангари дунёи атфол»-бахишда ба 85 — солагии шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб, «Шоҳиди шоҳкориҳо»-бахшида ба 85 — солагии зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуф Акобиров ва ғайра доир намудем, ки писанди хотири хонандагони мо гардиданд»,-зикр намуд Назирхонум Аҳмадова.
Ин ҷашн як анъанаи хубе дорад, ки шуруъ аз соли 2001 то ҳозир дар ҳоли амалишавист. Ин анъана дар он асос меёбад, ки дар ин рӯз аз ҷониби СММ номи шаҳре эълон карда мешавад, ки тули як сол унвони пойтахти ҷаҳонии китобро ба худ мегирад. Ва дар он сол талошу кушишҳои шаҳри номбурда баҳри рушду нумуи китоб ва осори барҷастаи муаллифон ба аҳли ҷаҳон намоиш дода мешавад. Пойтахти ҷаҳонии китоб то имрӯз шаҳрҳое ба монанди Мадрид (Испания), Искандария (Миср), Ню Дели (Ҳиндустон), Монреал (Канада), Багота (Колумбия), Любляна (Словения), Буэнос Айрес (Аргентина), Бангкок (Тайланд), Порт-Харкорт (Нигерия) ва ғайраҳо дониста шудаанд ва дур нест он замоне, ки Душанбеи мо низ дар рӯйхати ингуна шаҳрҳо ҳамчун Пойтахти ҷаҳонии китоб шинохта гардад.
Шаҳлои САДРИДДИН