Футболбозони тоҷик дар Ӯзбекистон ҳарифонашонро бо ҳисоби 7:4 мағлуб карданд

Апрель 26, 2017 19:43

ДУШАНБЕ, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар чорчӯбаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё- 2017 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал бо ҳарифонашон аз Ӯзбекистон бозии дӯстона доир намуда, дар он бо ҳисоби калони 7:4 ғолиб омаданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Бозии мазкур  шоми дирӯз, 25 апрел дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и шаҳри  Тошканд баргузор гардид.   Қисми аввали вохӯрии варзишгарони тоҷику узбек бо ҳисоби 3:1  ба фоидаи футболбозони тоҷик ба анҷом расид, дар қисми дуюми 20-дақиқагии бозӣ низ футболбозони тоҷик тавонистанд 4 голи дигар ба дарвозаи ҳарифашон равон кунанд. Дар натиҷа бозӣ бо ҳисоби 7:4 ба фоидаи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба анҷом расид. Тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Файзали Сардоров (3), Умед Қӯзиев, Шоҳрух Ҳамидов, Насим Шарифов  ва   Иқбол Воситзода   ба нишон расониданд.
Имрӯз дар Тошканд бозии такрории   футболбозони ҳарду даста баргузор шуд, ки аз натиҷаи он хабар хоҳем дод.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро футболбозони то 20-сола намояндагӣ карданд.

Апрель 26, 2017 19:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд