Гулкорӣ-зебоипарастист
ДУШАНБЕ, 04.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон шудани 150 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ ба муносибати сазовор ҷашн гирифтани 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Спитамен корҳои ободонӣ ва шинонидани гулу буттаҳо вусъати тоза меёбанд.
Кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия ба гулкорӣ таваҷҷуҳи хоса дода, дар даромадгоҳи ноҳия ба миқдори 2 ҳазору 400 дона гулҳои гуногуни хушнамо шинонданд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ мекашанд ва ба ҳусни ноҳия ҳусни нав зам менамоянд.
«Нақша дорем, ки дар даромадгоҳи ҷамоати Т. Улҷабоев, ҷамоати шаҳракаи Навкат ва инчунин шоҳроҳи Хуҷанд –Истаравшан чунин гулҳои зебову рангинро зиёдтар шинонем ва ба ин васила ҳусни ноҳияро афзун гардонем»,- гуфт сардори идораи хоҷагии манзилию комуналии ноҳияи Спитамен Анвар Мирсаидов.