Хуршед Муртазоқулов Тоҷикистонро дар бозиҳои «Футбол барои дӯстӣ» дар Санкт- Петербург муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 07.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи шашуми Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе Хуршед Муртазоқулови 12-сола Тоҷикистонро дар бозиҳои «Футбол барои дӯстӣ» (Football for Friendship), ки дар Санкт-Петербурги Россия аз 26 июн то 3 июли соли равон баргузор мегардад, муаррифӣ менамояд. Ин ташаббусро ҶСО «Газпром», ки шарики асосии ФИФА ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол -2018 мебошад, роҳандозӣ кардааст.
Амина Конурбаева, роҳбари лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар нишасти хабарӣ дар мақомгоҳи ФФТ арз кард, ки мақсади асосии лоиҳа- ин ривоҷу равнақи футбол байни кӯдакон, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ мебошад.
Аз рӯи гуфтаи Амина Конурбоева, имсол шумораи кишварҳое, ки ба ин барнома пайвастаанд, хеле зиёд гардида, аз 32 ба 64 давлат расидааст ва Лоиҳа футболбозони навраси чор қитъа Африка, АвруОсиё, Америкаи Ҷанубӣ ва Шимолиро ба ҳам меорад.








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






