Искандар Солеҳзода: «Ҳар як амалу кирдоре, ки аз ҷониби ҷавонон содир мегардад, ҷавобгарӣ дорад»
ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Искандар Солеҳзода дар суханронии худ зикр кард, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо кафолати амнияти дохилӣ дар кишвар буда, иҷрои ин вазифаи муқаддас ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
«Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як амалу кирдори ношояме, ки аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардад, ҷавобгарӣ дошта, таъсири манфии худро дар ҳаёти ояндаи онҳо мегузорад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин иқдом мақому мартабаи ҷавононро дар ҷомеа боз ҳам боло мебардорад»,- гуфт Искандар Солеҳзода.
Ба андешаи номбурда, сабаби даст ба ҷиноят задани бархе аз ҷавонон сатҳи пасти савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифатнокии онҳо мебошад. Ҷавонон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории ҳар гуна маҳфилҳо, дӯст доштани Ватани худ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба амалу кирдорҳои номатлуб даст назананд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






