Истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар семоҳаи аввали сол афзудааст
ДУШАНБЕ, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2017 корхонаҳои истеҳсолӣ ба маблағи 316,8 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли гузашта 9,0 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 102,9 %-ро ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 8,8 % баробар гардидааст. Шумораи корхонаҳо ба 511 адад, ҷойҳои корӣ ба 9 246 нафар ва музди миёнаи меҳнат ба 1020 сомонӣ баробар шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли семент ба 426,0 ҳазор тонна, масолеҳи деворӣ 20,7 миллион дона, гаҷкартон 190,2 ҳазор дона, гаҷ 1,8 ҳазор тонна расидааст.
Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон 38,0 %, «Чунгтсай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон 28,0 % ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16,6 % назаррас мебошад.
Дар ин давра 133,2 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Афғонистон 120,4 ҳазор тонна, Ӯзбекистон 10,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 2,7 ҳазор тонна содир гардидааст. Ҳаҷми содироти семент дар маҷмӯи истеҳсоли он 31 %-ро ташкил медиҳад. Дар ин раванд саҳми ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» 50 %, «Чунгтсай Моҳир семент» 38 %, «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 9 % ва «Тоҷ Чайна 2013» шаҳри Ваҳдат 3 % мебошад.
Инчунин аз ҷониби ширкати «Ху Чан индустриал»-и ноҳияи Ёвон 6,2 ҳазор дона гаҷкартон ба маблағи 128,2 ҳазор сомонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шудааст.
Инчунин дар ин давра барои бунёди корхонаи истеҳсоли сементи «Билол Суюлин семент»-и шаҳри Конибодом ва коргоҳи истеҳсоли халта дар ноҳияи Ёвон ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ таҷҳизоти технологӣ ворид гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






