«KAZNEXINVEST» доираҳои тиҷоратии Қазоқистонро ба Душанбе меорад

Апрель 6, 2017 09:16

ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки интизор меравад 20 апрел дар Душанбе доир гардад, роҳбарону намояндагони наздик ба 40 ширкату корхонаҳои гуногуни истеҳсолию саноатии Қазоқистон ба Тоҷикистон меоянд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузорӣ»-и Вазорати сармоя ва рушди Қазоқистон — «KAZNEXINVEST» ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ мебошанд.
Тақвияти ҳамкории иқтисодии ду кишвар, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ аз ҳадафҳои асосии ҳамоиши тиҷоратӣ арзёбӣ мегарданд.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории ҳамоиши соҳибкорони тоҷику қазоқ ҳамзамон масоили марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои мошинсозӣ, сохтмон, фарматсевтӣ, хӯрокворӣ, металлургия ва дигар бахшҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Апрель 6, 2017 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид