Корманди Коллеҷи тиббӣ бо гумони гирифтани пора ба даст афтод
ДУШАНБЕ, 19.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 51-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, корманди Коллеҷи тиббии шаҳри мазкурро бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гумонбаршуда, 17 апрели соли 2017 аз зани 22-солаи сокини ноҳияи Ашт барои дохил намудани шиносаш ба коллеҷи мазкур ҳамчун пора 700 доллари амрикоӣ талаб намуда, тахминан соати 19:30-и ҳамин рӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани маблағи мазкур дастгир ва далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд.
«Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд»,-иттилоъ доданд аз Вазорат.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






