Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ба Хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолон кумак расониданд
ДУШАНБЕ, 08.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба бошандагони Хона-интернат барои маъюбон ва пиронсолони «Батош»-и ноҳияи Турсунзода кумаки хайриявӣ расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ба ин хона-интернат аз ҷониби кормандони Агентии мазкур мунтазам кумаки моддӣ no-sleep-disorders.com.
Бояд гуфт, ки агентӣ сарпарастии хона-интернати мазкурро ба зимма гирифта, дар ҳар ид ба онҳо кумакҳои пулию молӣ мерасонад. Дар соли 2016 ба бошандагони хонаи пиронсолон зиёда аз 30 миз ва 180 курсӣ барои ошхона тақдим карда шуда буд. Ин дафъа низ кормандони Агентӣ барои бошандагони хонаи пиронсолон дастурхони идона ороста, зиёда аз 20 маҷмӯи катҳои хоб ва мошинаи ҷомашӯӣ туҳфа намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки Хонаи пиронсолони «Батош» соли 1972 кушода шуда, айни ҳол ҷои зисти муқимии зиёда аз 170 нафар бошандаи аз 18 то 95-сола аз тамоми ҷумҳурӣ мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






