Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара барои таҳсил дар мактабҳои олии омӯзгорӣ грант таъсис дод
ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара барои таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон барои соли 2017 се грант таъсис дод.
Тавре аз Маркази таҳлилию иттилоотӣ ва зеҳнии Кумита хабар доданд, иқдоми мазкур бо мақсади амалишавии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос, ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон ва бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот роҳандозӣ карда шудааст.
Дар айни замон аз ҷониби як гурӯҳи корӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр барои гузаронидани озмуни довталабони гирандаи гранти Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Маблағгузории грант аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи хароҷоти намояндагии тарҳи ягонаи даромад ва хароҷоти Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара барои соли 2017 ба роҳ монда мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






