Мавсими нави мусобиқоти лигаи касбии футзал оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 07.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе, 9 апрел мавсими нави Мусобиқоти лигаи касбии футзал оғоз меёбад ва дар он 8 даста ширкат варзида, дар 4 марҳала барои унвони чемпионӣ бо ҳам мубориза мебаранд.
Ин мавсими чоруми бозиҳои лигаи касбии футзали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Соли ҷорӣ дар лигаи футзали Тоҷикистон дастаҳои «ДИСИ Инвест», «Соро компания», «Сино», «Хадамоти алоқа» (ҳама аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуросон» (Истаравшан), «Сипар» (Хуҷанд) ва «Самандар» (Турсунзода) иштирок мекунанд.
Дастаҳои «Хадамоти алоқа», «Равшан» ва «Хуросон» бори аввал ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.
Дар бозиҳои даври якум, 9 апрел, дастаҳои «ДИСИ Инвест» бо «Самандар», «Соро компания» бо «Сипар», «Хадамоти алоқа» бо «Сино» ва «Равшан» бо «Хуросон» қувва месанҷанд.
Ёдрас мешавем, ки ғолиби имсолаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё байни клубҳо дар мавсими соли 2018 иштирок мекунад.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2017
Даври 1
9 апрел (якшанбе)
«ДИСИ Инвест» — «Самандар»
«Соро компания» — «Сипар»
«Хадамоти алоқа» — «Сино»
«Равшан»- «Хуросон»
Даври 2
15 апрел (шанбе)
«Самандар» — «Хуросон»
«Сино» — «Равшан»
«Сипар» — «Хадамоти алоқа»
«ДИСИ Инвест» — «Соро компания»








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






