Муҳокимаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» дар байни занон
ДУШАНБЕ, 08.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Норак бо занони фаъоли шаҳр вохӯрӣ баргузор карданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Сайлӣ Расулова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Норак иттилоъ дод, ки ҳадафи вохӯрӣ амалисозии «Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва иҷрои Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба иҷрои қатъномаҳои 1325 ва 2122 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои истифодаи неруи занон дар муқовимат ба паҳншавии ҳаракату равияҳои экстремистӣ, ҳалли масоили пешгирии ҳолатҳои экстремистӣ ва терроризм дар мавзӯи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» мебошад.