Мулоқоти сафири Украина бо чернобилчиёни шаҳри Хуҷанд
ХУҶАНД. 04.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ташкилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар мулоқот зикр шуд, ки дар бартарафсозии ин садама аз вилояти Суғд беш аз 1000 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 120 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд иштирок намудаанд. Ҳоло дар вилояти Суғд ба бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил эътибори махсус зоҳир гардида, онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхорӣ қарор доранд. Соли гузашта дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии бартарафкунии садамаи ин неругоҳ дар боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и маркази вилоят ба хотири гиромидошти номи неки бартарафкунандагони садамаи неругоҳ лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст.
Тибқи нақшаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Сафири Украина ҳамчунин аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии «Истиқлол», Боғи миллии «Ваҳдат», шаҳраки Сайҳун ва Қасри Арбоб дидан мекунад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






