Нашри китоби нав ба ифтихори 100-солагии нобиғаи санъати тоҷик Туҳфа Фозилова
ДУШАНБЕ, 25.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони Ховар «Борбад» ба ифтихори 100-солагии Артисткаи халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Туҳфа Фозилова (1917-1984) таҳти унвони «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» маҷмӯаи наверо аз чоп баровард. Донишмандони шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабов ва Муҳаммадраҳим Каримзода мураттибони ин асар мебошанд. Китоб бо забонҳои тоҷикию русӣ ва хулосаҳои англисӣ мунташир гардидааст.
Бори нахуст аст, ки чунин асари ҷомеъ, ки дар он масоили ташаккулу рушди санъати театри драмавӣ, театри мусиқии касбии навини тоҷик, арзишҳои бадеии он дар таърихи тамаддуни тоҷикон, мардумони Осиёи Марказӣ, саҳми ин чеҳраи тобнок ва мондагори ҳунар дар шакли наву диди боҳунарона қаламдод шудааст, ба нашр мерасад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳунари нотакрори Туҳфа Фозилова дар фарҳанги садаи XX халқи тоҷик падидаи нодир аст. Дар ин росто дар маҷмӯа муҳимияти симо ва ва санъати нотакрори ин нобиғаи ҳунар дар пояи тозатарин аснод дар муқоиса бо навиштаҳои то имрӯз рӯи коромада ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст.
Дар маҷмӯъ дар ин асари илмӣ паҳлӯҳои хоси мероси устоди театр, кино ва мусиқӣ Туҳфа Фозилова аз дидгоҳи нави пажӯҳишӣ қаламдод шудаанд. Дар китоб мақолаҳои донишмандону фарҳангиёни шинохтаи тоҷику рус роҷеъ ба ҳаёту фаъолият ва саҳми беназири ситораи санъати тоҷик Туҳфа Фозилова дар рушду такомули фарҳанги миллати тоҷик бо забонҳои русию тоҷикӣ гирд оварда шудаанд.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






