Ноҳияҳои Спитамен ва Ашт наваскаронро ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар майдони Спитамени ноҳияи Спитамен як гурӯҳи ҷавонон, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати Ватан-Модар гусел карда шуданд.
Дар маросими гусели даъватшавандагон раиси ноҳияи Спитамен, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, волидони даъватшавандагон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Дар ҷамъомад зикр гардид, ки хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мукаммали ҳаёт аст, ки ба онҳо дарси ҷавонмардиву шуҷоат омӯхта, ҷисману рӯҳан обутоб мебахшад.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар назди муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт маросими гусели аввалин гурӯҳи наваскарон доир гардид. Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо таъкид намуд, ки хазмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавонмарди бонангу номуси ноҳия ба ҳисоб рафта, имрӯз ҷавонмардони далери ноҳия ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.
Ба иттилои Хадамоти матбуотии вилояти Суғд, дар маросими гусели аввалин гурӯҳи ихтиёриён аз ноҳияи Ашт 80 нафар ва аз ноҳияи Спитамен 60 нафар ҷавонон сафарбар карда шуданд.








Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид






