Ошкор ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти қаннодӣ
ДУШАНБЕ, 04.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 26 феврали соли равон, тахминан соатҳои 13:30 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд, воқеъ дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Варзоб мошини тамғаи «Мерседес — Бенс — Атеко», рақами қайди давлатиаш TJ 27 — 08 DD 02 — ро, ки таҳти идораи ронанда Б. А., соли таваллудаш 1979, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд қарор дошт, барои гузаронидани санҷиши қонунияти воридоти мол нигоҳ доштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни пурсиши шифоҳӣ Б. А. иброз дошт, ки дар дохили бордони воситаи нақлиёташ танҳо масолеҳи сохтмонии намуди «ламинат» мавҷуд аст ва ҳуҷҷатҳои масолеҳи сохтмониро пешниҳод намуд.
Аммо ҳангоми муоинаи гумрукӣ маълум гардид, ки дар дохили мошин ба миқдори 1995 кг маҳсулоти қаннодии истеҳсоли ширкати «Рошен»-и Ҷумҳурии Украина, 995 кг кулчақанд, 2580 кг маргарин ва ба миқдори зиёда аз 2160 литр оби ҷави тамғаҳои гуногуни истеҳсоли Федератсияи Русия мавҷуд аст.
Муайян гашт, ки маҳсулоти қаннодӣ, кулчақанд ва равған, мансуб ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Н., соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон буда, машруботи спиртии оби ҷав ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. У., соли таваллудаш 1998, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мансуб мебошанд.
Интиқолдиҳандагони мол доир ба моли мазкур ягон ҳуҷҷати воридотӣ пешниҳод карда натавонистанд.
Нисбат ба ҳолати мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, он барои моҳиятан дида баромадан ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






