Озмуни «Гулдухтарони суғдӣ» бо намоиш додани фарҳанги либоспӯшӣ ва маҳорати кадбонугии бонувон ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ноҳияи Ашт даври ноҳиявии фестивал-озмуни «Гулдухтарони суғдӣ» баргузор гардид, ки дар он Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳия, Обода Каримӣ, мудири Бахши кор бо занон ва оила ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зафар Мамадҷонов иштирок намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар доданд, дар даври ноҳиявии фестивал-озмуни «Гулдухтарони Суғдӣ» 6 нафар намоянда аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия байни ҳам қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа шоҳҷоизаро намояндаи Ҷамоати деҳоти Шодоба соҳиб шуд. Ҷои аввал насиби намояндаи Ҷамоати деҳоти Ашт, ҷои дуюм насиби намояндаи Ҷамоати деҳоти Ориён ва ҷои сеюмро намояндаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон соҳиб гардиданд.
Мақсади фестивал-озмун байни бонувон баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақил, фарҳанги либоспӯшӣ ва маҳорати кадбонугӣ арзёбӣ гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






